1 2 3 4 »

Файл ин як қисми номгузошташудаи нигоҳдорандаи маълумот мебошад, ки дар он маълумоти муайяне нигоҳ дошта мешавад. Яъне вай метавонад матн, тасвир ё барнома бошад. Файл (парванда, ҳуҷҷат) метавонад дар каталог (пӯша, папка) ҷойгир бошад. Худи таҷҳизот, масалан диски С каталоги (пӯшаи) асосӣ ном дошта бо С:\ ишора мешавад. Дар дохили ҳар як каталог (пӯша) миқдори дилхоҳи файлҳо (парвандаҳо) ва миқдори дилхоҳи каталог (пӯшаҳо) ҷой доштанашон мумкин аст. Дар системаи омили MS-DOS ба файл аз рӯи чунин тартиб номгузорӣ мекунанд. Дарозии номи файл на камтар аз як аломат ва на зиёда аз ҳашт аломат дошта метавонад, инчунин номи иловагии файл на беш аз се аломат дошта метавонад. Номи иловагӣ аз номи асосии файл бо аломати нуқта ҷудо карда мешавад. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1413 | Добавил: Программист | Дата: 2017-02-04 | Комментарии (2)

Информатика (олмонӣ Informatik, порсӣ: علوم رایانه, фаронсавӣ: Informatique, англисӣ: computer science — илмҳои компутарӣ — дар ИМА, англисӣ: computing science — илмҳои ҳисоббарорӣ — дар Британияи Кабир) — илм дар бораи гирифт, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳавулл, интиқол ва истифодаи иттилоот. Он фанҳое, ки барои коркарди иттилоот дар мошинҳои ҳисоббарор ва шабакаҳои ҳисоббарорро, ҳам дар намуди таҷридӣ (ба мисли таҳлили алгоритмҳо) ва ҳам дар реалӣ (ба мисли сохтани забони барномасозӣ), дарбар мегирад. Худи истилоҳи информатика солҳои 60-уми асри 20 дар Фаронса барои ишораи соҳаи коркарди автоматикии иттилоот, аз якҷоякунии истилооти фаронсавӣ informationва automatique (F. Dreyfus, 1972) ба вуҷуд омадааст. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1386 | Добавил: Программист | Дата: 2017-02-04 | Комментарии (1)

Информатсия мафҳуми хеле васеъ аст. Калимаҳои арабии «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайра баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчик ё бўйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоотро на. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии information сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Одамон информатсияро ба ҳамдигар бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё дар намудҳои имову ишоратӣ ва ё аломатӣ мерасонанд. Инсон ҳар гуна информатсияро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон ирсол медиҳад. Мо информатсияро аз китобҳои таълимию илмӣ, рўзномаю маҷаллаҳо ва намоишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем. ... Муфаcсал»

Просмотров: 715 | Добавил: Программист | Дата: 2017-02-04 | Комментарии (0)

Таъминоти барномавии компютерҳо Барномаҳои компютер, аз маҷмўи фармонҳо, тарзи кори онҳо ва қоидаҳое иборатанд, ки компютерро маҷбур месозанд, то ки ин ё он амалро иҷро кунад. Барномаҳои компютер аз тарафи одамони махсус, ки онҳоро барномасоз (программист) меноманд, навишта мешавад. Дар навбати худ барномаҳои компютерӣ ба се гурўҳи калон тақсим мешаванд: Таъминоти барномавӣ 1. Барномаҳои системавӣ (Системные программы) асосан бо идоракунии кори системаи компютерӣ машғул ҳастанд. Мисоли барномаҳои системавӣ инҳоянд: а) Системаҳои омил; б) Драйвери тачҳизотҳо; в) ва ғайраҳо… 2. Барномаҳои тароҳӣ (Инструментальные программы) барномасозон барномаҳои нави амалиро барои ин ё он системи омил месозанд. ... Муфаcсал»

Просмотров: 614 | Добавил: Программист | Дата: 2017-02-04 | Комментарии (0)

Драйверҳо (Drivers) — ин барномаҳои компютерианд, ки бо ёрии онҳо дигар барномаҳо (одатан системаи омил) ба таъмини дастгоҳии баъзе аз таҷҳизотҳои компютерӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Умуман, барои истифодабарии дилхоҳ таҷҳизот (ҳам беруна ва ҳам даруна) драйвер ҳатмист. Одатан системаи омил дорои драйверҳое мебошад, ки онҳо барои ҷузъиёти калидии таъминоти дастгоҳӣ хизмат менамоянд, ки бидунашон кори система имконнопазир аст. Вале барои бархе аз таҷҳизотҳо (ба монанди видеокарта ё принтер) метавонад драйверҳои махсус лозим шаванд, ки одатан аз ҷониби истеҳсолгарони таҷҳизот пешниҳод мегарданд.

Просмотров: 694 | Добавил: Программист | Дата: 2017-02-04 | Комментарии (0)

Таърихи пайдоиши системаи оператсионии Unix дар қаъри Bell Telephone Laboratories (ҳоло AT&T Bell Laboratories) мехобад ва бо номи мутахассисони машҳур – Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва Брайан Керниган алоқаманд мебошад (ду номи охирин ба хонандагоне, ки бо забони барноманависии Си машғул шудаанд, шинос мебошад). Системаи оператсионии Multics Солҳои 1965-1969 ширкати Bell Labs дар якҷоягӣ бо General Electric ва гурўҳи мутахассисони Донишкадаи технологии Массачусетс дар лоиҳаи СО Multics иштирок намуд. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1042 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Маълумотҳои умумӣ Unix яке аз системаҳои оператсионӣ мебошад, ки аз тарафи аксарияти ширкатҳо дастгирӣ шуда, хеле паҳн шудааст. Хусусияти хоси системаҳои оператсионии оилаи Unix дар он аст, ки системаҳои мазкур интерфейсҳои гуногун дошта, стандартикунонии онҳо марказонида нашудааст. Бо вуҷуди он, системаҳои UNIX аз тарафи истифодабарандаҳои зиёде дастгирӣ ва истифода мешаванд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ибтидо системаҳои оператсионии Unix барои миникомпютерҳо ва мэйнфреймҳо, миёнаҳои солҳои 70-ум кор карда баромада шуда буданд. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1686 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)