8:36 AM
Барномаҳо (Programs).

Таъминоти барномавии компютерҳо Барномаҳои компютер, аз маҷмўи фармонҳо, тарзи кори онҳо ва қоидаҳое иборатанд, ки компютерро маҷбур месозанд, то ки ин ё он амалро иҷро кунад. Барномаҳои компютер аз тарафи одамони махсус, ки онҳоро барномасоз (программист) меноманд, навишта мешавад. Дар навбати худ барномаҳои компютерӣ ба се гурўҳи калон тақсим мешаванд: Таъминоти барномавӣ 1. Барномаҳои системавӣ (Системные программы) асосан бо идоракунии кори системаи компютерӣ машғул ҳастанд. Мисоли барномаҳои системавӣ инҳоянд: а) Системаҳои омил; б) Драйвери тачҳизотҳо; в) ва ғайраҳо… 2. Барномаҳои тароҳӣ (Инструментальные программы) барномасозон барномаҳои нави амалиро барои ин ё он системи омил месозанд. Намояндаи асосии барномаҳои тароҳӣ, ин забонҳои барноманависӣ мебошанд. 3. Барномаҳои амалӣ (Прикладные программы) чунин барномаҳое ҳастанд, ки онҳоро истифодабарандаҳои компютер дар кор ва фаъолияти худ барои иҷро кардани ин ё он вазифа истифода мебаранд. Мисоли барномаҳои амалӣ инҳоянд: а) Матнпардоз; б) Ҷадвалпардоз; в) Пойгоҳои додаҳо; г) Графикапардоз; д) ва гаражом.

Просмотров: 698 | Добавил: Программист | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
avatar