8:32 AM
Драйверҳо (Drivers).

Драйверҳо (Drivers) — ин барномаҳои компютерианд, ки бо ёрии онҳо дигар барномаҳо (одатан системаи омил) ба таъмини дастгоҳии баъзе аз таҷҳизотҳои компютерӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Умуман, барои истифодабарии дилхоҳ таҷҳизот (ҳам беруна ва ҳам даруна) драйвер ҳатмист. Одатан системаи омил дорои драйверҳое мебошад, ки онҳо барои ҷузъиёти калидии таъминоти дастгоҳӣ хизмат менамоянд, ки бидунашон кори система имконнопазир аст. Вале барои бархе аз таҷҳизотҳо (ба монанди видеокарта ё принтер) метавонад драйверҳои махсус лозим шаванд, ки одатан аз ҷониби истеҳсолгарони таҷҳизот пешниҳод мегарданд.

Просмотров: 773 | Добавил: Программист | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar