11:00 AM Чустучў ва ивази калимаҳо. Речаи нигохдории автомати | |
Параметрҳои саҳифаҳо. Барои ҷустуҷўи калима (матн) ё ибора ба фармони Найти – и менюи Правка қарсос кардан лозим аст. Он гоҳ дар оинаи ҳосилшуда дар майдониНайти порчаи матнии ҷустуҷўшавандаро аз клавиатура дохил карда, тугмачаи Найти далее- ро қарсос кардан лозим аст. Агар порчаи матн ёфта шавад, вай берун аз майдани оинаи ҷустуҷў пайдо мешавад. Агар зарур бошад, ҷустуҷўро давом додан мумкин аст. Барои давом додан тугмачаи Найти далее- ро қарсос кардан лозим аст. Агар дар ҳуҷҷат қисми ҷудокардашуда мавҷуд башад, он гоҳ ҷустуҷў танҳо дар доираи ин қисм ба амал оварда мешавад. Фармони Заменить имконият медиҳад, ки нусхаи калимаи дар ҳуҷҷат ёфта шуда, он бо наваш иваз карда мешавад. Барои ин дар майдони Заменить на — и оинаи мазкур матни ивазкунандаро чида ба тугмачаи Заменить қарсос мекунанд. Агар Шумо аз аввал ягон порчаи матнро иваз кардани бошед, аз аввал якбора оинаиЗаменить –ро (бо истифодаи фармони Правка uЗаменить) фаъол кардан мумкин аст. Барои ба тарзи автоматӣ ивазкунии нусхаи калима дар тамоми матн тугмачаи Заменить все – ро қарсос кардан лозим аст. Пас аз ивазкунӣ дар экран маълумот дар бораи итмомраси протсесси ивазкунӣ пайдо мешавад. Бо қарсоси кнопкаи Параметры … бисёр амалҳоро муайян кардан мумкин аст. Масалан, оё дар вақти нигоҳдории нусхаи захиравӣ – файл бо фарохи .bak ё .wbk ташкил меёбад? Дар Word нигоҳдории автоматӣ мавҷуд аст. Ин реҷаи хеле муҳими кор, махсусан, дар вақти якбора ҳомуш шудани қувваи барқ манфиатнок аст. Ду тарзи нигоҳдории автоматӣ мавҷуд аст. Яке аз онҳо нигоҳдории автоматии тез аст, ки дар он программа танҳо тағйиротҳои воридшударо нигоҳ медорад. Дуюмаш он аст, ки дар кадоме дар қатори файлатон нусхаи он ташкил ёфта дар ҳар 3-5 дақиқа таҷдид мешавад. Дар байни сатрҳои Создавать резервную копию ва Разрешить быстрое сохранение яке аз реҷаҳо интиҳоб карда мешавад. Барои он ки ҳуҷҷат дар саҳифа ба таври қулай ҷойгир шавад, параметрҳои саҳифаро муайян кардан лозим аст. Барои ин аз менюи Файл банди Параметры страниқы – ро интиҳоб кардан лозим аст.Дар ин маврид оинаи мукаламави пайдо мешавад. Оиани мазкур аз чор қисм: Поля, Размер бумаги, Источник бумаги, Макет иборат аст. Дар қисмиПоля бо ёрии панҷ оинача андозаи фосилаҳоро муайян мекунанд. Фосила аз канори болоии саҳифа то канори болои сатри якуми матн; Фосила аз канори поёнии матн то канори поёнии саҳифа; Фосила аз канори чапи саҳифа то канори чапи матн; Фосила аз канори рости саҳифа то канори рости матн; Фосила барои муқова. Бо ёрии оиначаҳои Колонтитулы от края барои рақамгузории саҳифаҳо аз боло ва аз поён фосилаҳо муайян карда мешавад. Нишонаи Размер бамаги – ро қарсос карда, андозаи коғаз ва самти саҳифа (горизонталӣ ё вертикалӣ) – ро интиҳоб кардан мумкин аст. Дар оинаи Источник бумаги тарзи ба Принтер гузоштани қоғаз интиҳоб карда мешавад. Бо ёрии менюи афтанда Применить истифодаи параметрҳои мазкур барои тамоми ҳуҷҷат ё барои саҳмфаи додашуда ва ғайра интиҳоб карда мешавад. Дар интиҳо, пас аз интиҳоби ҳамаи параметрҳо кнопкаиОкқарсос карда мешавад. Агар кнопкаи По умолчание… қарсос карда шавад, но гоҳ ин параметрҳо нигоҳдошта шуда, минбаъд барои ҳамаи ҳуҷҷатҳо кор фармуда мешавад.
Прикрепления: Картинка 1
| |
|
Всего комментариев: 0 | |