Таърихи пайдоиши системаи оператсионии Unix дар қаъри Bell Telephone Laboratories (ҳоло AT&T Bell Laboratories) мехобад ва бо номи мутахассисони машҳур – Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва Брайан Керниган алоқаманд мебошад (ду номи охирин ба хонандагоне, ки бо забони барноманависии Си машғул шудаанд, шинос мебошад). Системаи оператсионии Multics Солҳои 1965-1969 ширкати Bell Labs дар якҷоягӣ бо General Electric ва гурўҳи мутахассисони Донишкадаи технологии Массачусетс дар лоиҳаи СО Multics иштирок намуд. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1187 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (1)

Маълумотҳои умумӣ Unix яке аз системаҳои оператсионӣ мебошад, ки аз тарафи аксарияти ширкатҳо дастгирӣ шуда, хеле паҳн шудааст. Хусусияти хоси системаҳои оператсионии оилаи Unix дар он аст, ки системаҳои мазкур интерфейсҳои гуногун дошта, стандартикунонии онҳо марказонида нашудааст. Бо вуҷуди он, системаҳои UNIX аз тарафи истифодабарандаҳои зиёде дастгирӣ ва истифода мешаванд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ибтидо системаҳои оператсионии Unix барои миникомпютерҳо ва мэйнфреймҳо, миёнаҳои солҳои 70-ум кор карда баромада шуда буданд. ... Муфаcсал»

Просмотров: 1905 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Таърихи пайдоиши Интернет Ҳанўз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад. Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмўъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд. ... Муфаcсал»
Просмотров: 1847 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Қоидаҳои кор бо компютери фардӣ Ҳангоми кор бо компютери фардӣ техникаи бехатариро риоя намудан лозим аст. Дар таҷҳизоти вайрона кор накунед. Ба тугмаҳои клавиатура ҳ муш бесабаб бо ангушт назанед: зеро бо ҳамин восита таҷҳизотро метавонед вайрон кунед. Компютерро бесабаб ба кор наандозед ё хомўш накунед: компютерро вақте ба кор медароред онро танҳо баъди анҷоми кор хомўш кунед (танҳо мониторро ба режими муҳофизатӣ гузоштан зарур аст). Фаромўш накунед: ки шумо бо таҷҳизоти барқӣ кор мекунед: ... Муфаcсал»
Просмотров: 1052 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Муш таҷҳизоти махсусест, ки барои идоракунии курсор хизмат мерасонад ва аз ҷониби чап ё рости клавиатура, ҷойгир карда мешавад. Муш яке аз таҷҳизотхои асосии компютер ба хисоб рафта барои тезтар ичро намудани амалхо дар компютер хизмат мерасонад. Муш ду ё се тугма дорад. Одатан тугмаи мобайнӣ истифода намешавад, вале ду тугмаи чапу рост ... Муфаcсал»
Просмотров: 626 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (1)

Вируси компютери чист ва чи гуна бо он мубориза бояд кард? Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух бигуем, бояд худи мафхуми «Вируси компютер»-ро шарху тафсир бидихем. Вирус — программаи махсус тартибдодашудаи зараррасони хачман начандон калоне мебошад, ки ба раванди мукаррарии кори компютер даҳолат намуда, ноаён ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю хуччатҳоро несту хароб месозад. ... Муфаcсал»
Просмотров: 1483 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Фанни технологияи компютерӣ ҳамчун фанни мустақил пас аз пайдоиши компютер дар охири солҳои 40-уми асри гузашта ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мафҳуми компютер аллакай мо шинос ҳастем, ки мақсади ибтидоии сохтани он ин гузаронидани ҳисобкуниҳо буд. Дар замони имрӯза соҳаеро ёфтан мушки ласт, ки дар он компютер татбиқи худро наёфта бошад. Яке аз мафҳумҳои асосии ин фан мафҳуми ахборот (информатсия) мебошад. Ҳар як объект дар табиат нисбати худ ахбороти муайянеро дорад, ки дар асоси он мо объектро дарк менамоем. Инсон ҳама вақт бо ахборот сару кор дорад, ӯ онро дар тамоми фаъолияти ҳаёташ ҷамъ менамояд, дар ҳолати зарурӣ онро коркард намуда аз натиҷаҳои коркард истифода мебарад. Ахборотро ҳамчун ҷамъи донишҳо низ фаҳмидан мумкин аст. ... Муфаcсал»
Просмотров: 751 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Дар замони ҳозира тарзи қулайи доду гирифти имформатсияҳои гуногун — истифодаи шабакаи компутерии умумиҷаҳонӣ – Интернет мавҷуд аст. Интернет ба истефода- барандагони худ имкониятҳои хеле калонро фароҳам меоварад. Бо компутерӣ шахсии худ абоненти Интернет метавонад, ферҳасти китобҳоро доир бо техналогияҳои компутерӣ дар китобҳонаи дар китобҳонаи Ню – Йорки ИМА варақ занад; дар клубҳои мубоҳисавии байналхалқй ширкат варзад; бо хешу таборонаш, ки дар ... Муфаcсал»
Просмотров: 913 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Параметрҳои саҳифаҳо. Барои ҷустуҷўи калима (матн) ё ибора ба фармони Найти – и менюи Правка қарсос кардан лозим аст. Он гоҳ дар оинаи ҳосилшуда дар майдониНайти порчаи матнии ҷустуҷўшавандаро аз клавиатура дохил карда, тугмачаи Найти далее- ро қарсос кардан лозим аст. Агар порчаи матн ёфта шавад, вай берун аз майдани оинаи ҷустуҷў пайдо мешавад. Агар зарур бошад, ҷустуҷўро давом додан мумкин аст. Барои давом додан тугмачаи Найти далее- ро қарсос кардан лозим аст. Агар дар ҳуҷҷат қисми ҷудокардашуда мавҷуд башад, он гоҳ ҷустуҷў танҳо дар доираи ин қисм ба амал оварда мешавад. ... Муфаcсал»
Прикрепления: Картинка 1
Просмотров: 514 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)

Биёр вақт зарур мешавад, ки маълумоти дар ҳуҷҷат бударо ба намуди ҷадал тасвир кунем. Ҷадвале, ки дар он ҳисобкуни мавҷуд нест, ташкил додани он бо ёрии редактори Word қулай мебошад. Барои дар матн ҷойгир кардан ҷадвал, кнопкаи — ро дар панели Стандарная қарсос мекунем. Дар экран элементи ёрирасони идоракунӣ пайдо мешавад. Нишондиҳандаи мушакро ба ячейкаи аз чап якуми қатори болоӣ оварда, тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, мушакро бояд ба ҳаракат даровард, миқдори зарурии сатр ва сутун ҷудо мешавад. Агар нишондиҳатдаи мушакро ба сатри се ва сутуни панҷ оварда тугмачаи чап сар дода шавад, онгоҳ дар поёни элементи ёрирасон навиштаҷоти 3х5 Таблиқа пайдо мешавад. Ячейкаҳои ҷадвал аз ҳамдигар бо хатҳои пунктири ҷудо карда мешаванд, ки онҳоро дар экран бо ёрии бандиСетка – и менюи Таблиқа нишон додан ё пинҳон кардан мумкин аст. Ин фақат дар мавриди набудани байрақчаи Граниқа области текста – и муколламаи Параметры – и замимаи Вид имконпазир аст. Тўрҳои ҷадвал танҳо дар экран дида мешаванд онҳо дар вақти чопкунии ҳуҷҷат дар принтер аён намешавад. Ҷадвалро бо ёрии банди Вставить таблиқу – и менюи Таблиқа дар матн гузоштан мумкин аст. Дар ин маврид дар оинаи мукаламавии пайдошуда миқдори сутун ва сатри заруриро интиҳоб карда, кнопкаи ОК– ро пахш кунем, он ба матн гузошта мешавад. Ҷадвали ҳосилшуда бо хатҳои рост тасвир мешавад. ... Муфаcсал»
Просмотров: 654 | Добавил: Программист | Дата: 2016-09-30 | Комментарии (0)