Биёр вақт зарур мешавад, ки маълумоти дар ҳуҷҷат бударо ба намуди ҷадал тасвир кунем. Ҷадвале, ки дар он ҳисобкуни мавҷуд нест, ташкил додани он бо ёрии редактори Word қулай мебошад. Барои дар матн ҷойгир кардан ҷадвал, кнопкаи — ро дар панели Стандарная қарсос мекунем. Дар экран элементи ёрирасони идоракунӣ пайдо мешавад. Нишондиҳандаи мушакро ба ячейкаи аз чап якуми қатори болоӣ оварда, тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, мушакро бояд ба ҳаракат даровард, миқдори зарурии сатр ва сутун ҷудо мешавад. Агар нишондиҳатдаи мушакро ба сатри се ва сутуни панҷ оварда тугмачаи чап сар дода шавад, онгоҳ дар поёни элементи ёрирасон навиштаҷоти 3х5 Таблиқа пайдо мешавад. Ячейкаҳои ҷадвал аз ҳамдигар бо хатҳои пунктири ҷудо карда мешаванд, ки онҳоро дар экран бо ёрии бандиСетка – и менюи Таблиқа нишон додан ё пинҳон кардан мумкин аст. Ин фақат дар мавриди набудани байрақчаи Граниқа области текста – и муколламаи Параметры – и замимаи Вид имконпазир аст. Тўрҳои ҷадвал танҳо дар экран дида мешаванд онҳо дар вақти чопкунии ҳуҷҷат дар принтер аён намешавад. Ҷадвалро бо ёрии банди Вставить таблиқу – и менюи Таблиқа дар матн гузоштан мумкин аст. Дар ин маврид дар оинаи мукаламавии пайдошуда миқдори сутун ва сатри заруриро интиҳоб карда, кнопкаи ОК– ро пахш кунем, он ба матн гузошта мешавад. Ҷадвали ҳосилшуда бо хатҳои рост тасвир мешавад. Word имконяти форматкунониро дар вақти ташкилёбии ҷадвал дорад. Барои ин кнопкаи Автофомат – ро аз менюи Таблиқа қарсос кардан мумкин аст. Дар ин маврид оинаи мукаламавӣ пайдо мешавад. Дар қисми Форматы тарзи форматирониро интиҳоб кардан лозим аст. Дар қисми Образеқ намуди зоҳирии ҷадвали форматкардашуда нишон дода мешавад. Барои ҷудокунии сатри ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба сабти чаптари аввали сатр овардан даркор аст ва вақте ки вай намуди ö -ро мегирад, тугмаи чапи мушакро карсос кардан лозим аст. Барои ҷудокунии сутуни ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба хати болоии сутун ба тарзе овардан дарклор аст, ки вай намуди È-ро гирад. Сипас, агар тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад, сутун ҷудо мешавад. Агар якчанд сутунро ҷудо кардан лозим бошад, он гоҳ дар мавриди ҷудо шудани як сутун тугмачаи мушакро сар надода, нишондиҳандаи онро барои ҷудокунии сутунҳои дигар овардан даркор аст. Барои ҷудокунии ячейкаи ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба ячейка ҷойгир карда, ҳваракат кардан лозим аст, ки вай намуди ö — ро гирад. Дар мавриди пахши тугмачаи чапи мушак ячейка ҷудо карда мешавад. Барои ҷудокунии якчанд ячейка тугмачаи чапимушакро пахш карда истода, онро ба тарафи ячейкаҳое, ки ҷудо карданашон зарур аст, кашола кардан меояд. Барои ҷудокунии тамоми ҷадвал курсорро дар ҷои дилҳои ҷадвал гузошта, банди Выделить ячейки менюи Таблиқа – ро иҷро кардан лозим аст. Сатр ё сутунро ҷудо карда, ячейкаҳоро илова ё ҳориҷ кардан мумкин аст. Масалан, барои иловакунӣ чунин рафтор кбояд кард: Курсорро ба канори ростари берун аз ҷадвал гузошта,Enter–ро пахш кунем, баъди ин сатр сатри нави ҳолӣ пайдо мешавад. Барои ҳориҷкунӣ аз нав ин сатрро ҷудо карда, бандиУдалить строки – ро аз менюи Таблиқа иҷро кардан лозим аст. Ячейкаҳо ҷудошударо аз рўи банди Разбить ячейки… — и менюи Таблиқа – ба миқдори додашудаи сатр ва сутун тақсим кардан мумкин аст. Инчунин ячейкаҳои ҷудошударо бо банди Объединить ячейки – и менюи Таблиқа якҷоя кардан мумкин аст. Дохилкунии матн ва таҳрири он дар ячейкаҳои ҷадвал ҳамчун матни муқаррарӣ иҷро карда мешавад.
|