11:23 AM
Муш
Муш таҷҳизоти махсусест, ки барои идоракунии курсор хизмат мерасонад ва аз ҷониби чап ё рости клавиатура, ҷойгир карда мешавад. Муш яке аз таҷҳизотхои асосии компютер ба хисоб рафта барои тезтар ичро намудани амалхо дар компютер хизмат мерасонад. Муш ду ё се тугма дорад. Одатан тугмаи мобайнӣ истифода намешавад, вале ду тугмаи чапу рост истифода мешавад. Муш таҷҳизоти хурдест, ки дар кафи дасти одам ҷой мегирад. Агар муш ба компютер пайваст бошад, дар экран нишондиҳандаи (указател) он дар шакли тирча ( ) ё ягон аломати дигар пайдо мешавад. Ҳаракати нишондиханда ба воситаи ҳаракат додани муш дар болои миз ба амал оварда мешавад. Барои ба воситаи муш интихоб кардани банд зарур аст, ки мушро дар болои миз ҳаракат дода нишондиҳандаро ба болои объекти зарурӣ гузоред ва тугмаи чапи мушро пахш кунед. Муш агар ба кор дароварда шуда бошад ҳаракат додани он дар болои миз, ҳаракати нишондиҳандаашро дар экрани монитор ба амал меорад. Мушро бояд танҳо бо ангуштон ҳаракат диҳед. Агар бо ангуштон ҳаракат додани муш ба масофаи зарурӣ ба пеш имкон надошта бошад, пас беҳтараш мушро бардошта ва ангуштро аз болои тугмааш нагирифта мушро ба қафо бурдани лозим аст. Сипас мушро дубора ба болои миз гузошта онро дубора ба ҳаракат медароред.
Просмотров: 626 | Добавил: Программист | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
avatar
0
1
супер
avatar